Август 01, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Вурӯди даҳумин маҳмӯлаи ваксинаи корона ба Эрон

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, аз вурӯди даҳумин маҳмӯлаи ваксинаи корона ба кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Карими Ҳимматӣ, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, даҳумин маҳмулаи ваксинаи таҳия шудаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар имрӯз (якшанбе) дар фурудгоҳии имом Хумайнӣ (раҳ.) ҷиҳати тавзеъ дар ихтиёри вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи Ҳимматӣ дар ин марҳала як миллиону 120 ҳазор дози ваксина ба Эрон ворид шуд, ки бо 12 парвоз ба кишвар мунтақил шуда ва дар маҷмуъ 11 миллиону  520 ҳазор доз ваксина ворид кишвар шудааст.

Ҳимматӣ ҳамчунин гуфт, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар талош аст бо кумаки соири дастгоҳҳо ва шарикони байналмилалӣ дар амри таҳия ва интиқоли ваксина ба дохили кишвар ҳамчун гузашта фаъолият дошта бошад ва умедвор аст, дар сурати таъмини эътибори лозим, дар моҳҳои оянда битавонад тааҳҳуди воридоти 30 миллион доз ваксинаро анҷом диҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп