Узрхоҳии варзишкори Кореяи Ҷанубӣ аз изҳороташ алайҳи қаҳрамони тирандозии Эрон
Як варзишкори Кореяи Ҷанубӣ ба далели изҳороти тундаш алайҳи Ҷаводи Фурӯғӣ, аз ӯ узрхоҳӣ кард.
Як варзишкори Кореяи Ҷанубӣ, ки изҳороти тунде алайҳи Ҷаводи Фурӯғӣ медоловари тирандозии Эрон дар мусобиқоти Олимпиадаи Токио матраҳ карда буд, эълом карда, ки ман ба хотири эҷоди ҷанҷол бо изҳороти номуносиб дар ҳини мусоҳиба бо як ширкати расонаӣ ҳангоми бозгашт ба Кореяи Ҷанубӣ узрхоҳӣ мекунам.
Ман амиқан бар ин воқеият таъкид мекунам, ки дар баррасии воқеиятҳо пас аз шунидани танҳо ончӣ дар расонаҳо гузориш шуда буд, фикр накардаму изҳороти баҳсбарангезеро баён кардам.
Бояд ба бозикунони дигар ва талоши онон тавваҷуҳ мекардам.
Ман низ дар гузашта аз мақолаҳои ғалат ё таҳриф шуда ва изҳори назарҳои бадхоҳонаи ранҷ бурдаам, бинобарин амиқан аз дарде, ки бояд Ҷаводи Фурӯғӣ мутаҳаммил шавад огоҳ ҳастам. Дар оянда бештар дар гуфтору амали худ диққат хоҳам кард.
Бештар бихонед: