Аввалин ҷаласаи расмии раисиҷумҳури ҷадиди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i71600-Аввалин_ҷаласаи_расмии_раисиҷумҳури_ҷадиди_Эрон
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар ҷаласаи раисони кумитаҳои тахассусии Ситоди миллии муқобила бо корона ҳузур ёфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 04, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Аввалин ҷаласаи расмии раисиҷумҳури ҷадиди Эрон

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар ҷаласаи раисони кумитаҳои тахассусии Ситоди миллии муқобила бо корона ҳузур ёфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, дар ин ҷаласа фармондеҳи қароргоҳи амалиётӣ ва раисони кумитаҳои беҳдошту дармон, таблиғоту иттилоърасонӣ ва ҳамлу нақл гузоришҳои марбут ба иҷрои мусавваботи Ситоди миллии корона дар муқобила ва маҳори мавҷи панҷуми беморӣ ва ҳамчунин таҳия ва тадвини дастуруламалҳои муртабит бо баргузории маросими сӯгвории шаҳодати имом Ҳасейн (ъ) дар айёми муҳаррам, шароити бозгушоии мадорис ва донишгоҳҳо дар соли таҳсилии ҷадид ва ҳамчунин раванди иҷрои санади миллии ваксинатсияро ироа карданд.