Вазнабардори эронӣ медали нуқраи олимпиро касб кард
Вазнабардори эронӣ бо сабти рекордии маҷмӯи 441 килограм ва касби медали нуқра дар олимпии Токио, ба як даҳа нокомии Эрон дар дастаи сангинвазнҳои вазнабардорӣ поён дод.
Рақобатҳои дастаи 109 + килограми вазнабардории олимпии Токио асри рӯзи чаҳоршанбе бо ширкати ҳафт вазнабардор баргузор шуд.
Дар ин даста Алии Довудӣ, қаҳрамони ҷавонони ҷаҳон аз Эрон низ дар нахустин таҷрибаи олимпии худ ба медали нуқра расид.
Довудӣ, ки ҷонишини бузургоне монанди Ҳусайни Ризозода, Беҳдоди Салимӣ, Саҷҷоди Анушервонӣ, Баҳодури Мавлоӣ ва Саидалӣ Ҳусайнӣ шуда, ин медалро дар синни 22 солагӣ касб кард.
Довудӣ дар ҳаракати якзарби 200 килограмӣ ва дар ҳаракати дузарби вазнаи 241 килограмиро рӯйи сар бурд ва бо маҷмӯи 441 килограм, пас аз Лаша Талахадзеи гурҷистонӣ дар ҷойгоҳи дувуми олимпӣ истод.
Эрон охирин бор дар олимпии 2012 Лондон дар дастаи сангинвазнҳо медал касб карда буд.
Дар олимпии 2012 Лондон Беҳдоди Салимӣ дар дастаи сангинвазнҳо тилло гирифта буд.
Бештар бихонед:
- Дувумин медали тилло барои Эрон дар олимпии Токио
- Касби аввалин медали тиллои Эрон дар мусобиқоти олимпии Ҷопон