Август 05, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон имрӯз

Маросими таҳлифи раисҷумҳури исломии Эрон имрӯз панҷшанбе дар Маҷлиси шӯрои исломӣ баргузор мешавад.

Маросими таҳлифи Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз панҷшанбе соати 17 ба вақти Теҳрон дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон баргузор мешавад.

Саиднизомииддини Мусавӣ, сухангуи ҳайатраисаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, аз ҳузури 115 мақоми расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон дар маросими таҳлифи Саидиброҳими Раисӣ хабар дод.