Вуруди мақомоти кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими савгандёди раёсати ҷумҳӯрии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i71654-Вуруди_мақомоти_кишварҳои_мухталиф_барои_ширкат_дар_маросими_савгандёди_раёсати_ҷумҳӯрии_Эрон
Мақомоти кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими савгандёди раёсати ҷумҳӯрии Эрони вориди Теҳрон шуданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 05, 2021 18:41 Asia/Dushanbe
  • Вуруди мақомоти кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими савгандёди раёсати ҷумҳӯрии Эрон

Мақомоти кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими савгандёди раёсати ҷумҳӯрии Эрони вориди Теҳрон шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вячислав Володин-раиси Думаи Русия имрӯз панҷшанбе барои ҳузур дар маросими савгандёди Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон вориди фурудгоҳии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон шуд .
Рӯҳуллоҳ Мутафаккири Озод-узви ҳайати раисаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон аз ин мақоми Русия ва ҳайати ҳамроҳаш истиқбол кард .
Ҳамчунин Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон, Никол Пашинян- нахуствазири Арманистонарҳум Солеҳ- раиси ҷумҳӯрии Ироқ, шайх Наим Қосим- нойиби раиси Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ивица Дачич-раиси порлумони Сербия ва Имон ибни Абдурраҳмон-нахуствазири Алҷазоир низ имрӯз панҷшанбе аз тариқи фурудгоҳии байналмилаллии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) вориди Теҳрон шуданд, то дар маросими савгандёди сездаҳумини давраи раёсати ҷумҳӯрии Эрон ҳозир шаванд .
Аз ду рӯз қабл то кунун шумори зиёде аз мақомоти олирутбаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ширкат дар ин маросим вориди Теҳрон шудаанд .
Маросими савгандёди раиси ҷумҳӯрии Эрон  имрӯз бо ҳузури 115 мақоми расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон дар Маҷлиси шӯрои исломӣ баргузор мешавад .



Бештар бихонед :