Раҳбари инқилоби исломӣ: Бо руҳияи инқилобӣ, умедворӣ ва шуҷоат, мушкилот ҳал мешаванд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Руҳия ва тафаккури инқилобӣ, шуҷоати иқдом ва амал, басират, ибтикорварзӣ, умедворӣ ба оянда, натарсидан ва таслим нашудан дар баробари душман, мушкилоти Эронро ҳал хоҳад кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯёни Эрон, дар бораи баъзе ҳаракатҳо ва талошҳои хатарнок барои таҳрифи ҳақиқат ва мантиқи истодагии Имом Хумайнӣ (раҳ) ва миллати Эрон дар муқобили Амрико дар зеҳни насли ҷавон ва ҳамчунин илқои ин мавзӯъ, ки танҳо роҳи ҳалли мушкилоти кишвар музокира ва созиш бо Амрико аст, ҳушдор доданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор, ки дар остонаи сездаҳуми обон (севуми ноябр) рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ баргузор шуд, бо ишора ба муносибатҳои таърихии рӯзи сездаҳуми обон, барҷастатарини онҳоро ҳодисаи тасхири лонаи ҷосусӣ (сафорати Амрико) донистанд ва гуфтанд: Ин рӯз, дар воқеъ рӯзи ҷавонони муъмин, инқилобӣ ва мубтакир аст, ки бо иқдоми худ дар тасхири лонаи ҷосусӣ, душманро аз ҳар гуна ҳаракат боздоштанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии тавсифи Имом Хумайнӣ (раҳ) аз тасхири лонаи ҷосусӣ ба унвони "инқилоби дувум" афзуданд: Ин тавсиф ва номгузорӣ ба далели тавтиаҳо ва хабосатҳои Амрико дар қабл ва баъд аз инқилоб, зидди миллати Эрон буд, зеро давлати Амрико аз ҳеҷ талош ва иқдоми расмӣ ва ғайрирасмӣ барои ба шикаст кашондан инқилоби исломӣ фурӯгузор намекард ва ҷавонон инқилобӣ, дар он замон, бо тасхири лонаи ҷосусӣ, тавтиаи Амрикоро хунсо карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома ба мунозираҳои ду номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико ишора карданд ва гуфтанд: Ин ду номзад ин рӯзҳо ҳақиқатҳо ва фоҷиаҳоеро аз дохили Амрико сароҳатан ифшо мекунанд, ки то пеш аз ин иддае бовар намекарданд ва ё намехостанд бовар кунанд, аммо акнун изҳороти онҳо дар мунозираҳо нишонгари нобудии арзишҳои инсонӣ дар Амрико аст.
Эшон бо истинод ба матолиби мунозираҳои ахири интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар бораи табъизи нажодӣ ва фақр дар Амрико ва тааллуқи 90 дарсади сарвати Амрико ба як дарсад аз мардуми ин кишвар, хотирнишон карданд: Лагадмол шудани арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар, табъиз ва нажодпарастӣ аз воқеиятҳои имрӯзи ҷомеаи Амрико аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, агар миллати Эрон дар даврони Имом Хумайнӣ (раҳ) дар муқобили Амрико истод ва агар имрӯз низ ҳамчунон зидди Амрико шиор медиҳад ва дар муқобили ин кишвар меистад, бар асоси мантиқи муҳкам ва мустадал аст.