Август 07, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳоҷизода: Ба ҳаргуна ҳамлаи душман посухи сахте хоҳем дод

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, ба ҳаргуна ҳамлаи душман посухи сахте хоҳем дод.

Сардор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво- фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни инки Эрон имтиҳон пас додааст ва ниёз ба озмоиши муҷаддад надорад, гуфт, ба ҳар гуна ҳамлаи душман посухи сахте хоҳем дод.

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ афзуд, режими саҳюнистӣ ва Амрико, Эронро озмоиш кардаанд ва медонанд бо чӣ посухе рӯбарӯ хоҳанд буд.

Сардор Ҳоҷизода хотирнишон кард, ҳам қудрат дорем ва ҳам иродаи ба коргирии қудратро дорем ва ҳатман посухи сахте хоҳем дод ва онҳо чунин ғалате наметавонанд бикунанд.

Ширкати «Zodiac Maritime», мутааллиқ ба «Eyal Ofer», миллиардери саҳюнист, 30 июл дар баёнияе эълом кард, киштӣ "Мерсер-стрит" таҳти моликияти Исроил дар дарёи Уммон ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст.

Дар пайи ин ҳамла, Нафтали Беннетт, нахуствазири режими саҳюнистӣ бидуни ироаи ҳечгуна далиле дар исботи иддаои худ, муддаӣ шуд, иттилооти амниятӣ, ки дар даст дорем нишон медиҳад, Эрон ба киштии исроилӣ ҳамла кардааст.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба иддаоҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи Эрон гуфт, ин бори аввал нест, ки режими саҳюнистӣ аз ин иттиҳомот матраҳ мекунад, ин иттиҳомот дар чорчӯби лобии иҷораӣ ва шинохта шудаи режими ишғолгари Қудс дар Амрико аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

 

Барчасп