Август 08, 2021 17:32 Asia/Dushanbe
  • Интисоби Муҳаммади Мухбир ба унвони муовини аввали раисҷумҳури Эрон

Муҳаммади Мухбир ба унвони муовини аввали раисҷумҳури Эрон мансуб шуд.

Муҳаммади Мухбир, ки бо ҳукми раҳбари муаззами инқилоб аз соли 1386 раёсати ситоди иҷроии фармони имомро бар уҳда дошта, дорои мадраки доктории ҳуқуқи байналмилал аст.

Вай мутаваллиди Дезфул ва дорои савобиқ ва фаъолиятҳои инқилобӣ дар даврони тоғут ва савобиқи мудириятии пас аз пирӯзии инқилоб аст, масъули беҳдории сипоҳи Дезфул дар замони ҷанг, мудиромили мухобироти Дезфул, муовини устондории Хузистон, муовини бозаргонии бунёди мустазъафон буда ва аз соли 1386 токунун низ раёсати ситоди иҷроии фармони ҳазрати имом (р)-ро баруҳда доштааст.

Аз ҷумлаи иқдомоти вай дар ситоди иҷроии фармони имом (р) метавон ба таъсиси бунёди Баракат, бунёди Эҳсон, муассисаи донишбунёни Баракат, гурӯҳи тавсеаи иқтисодии Тадбир, роҳандозии қароргоҳи маҳрумиятзудоӣ ва пешрафт дар масири хизмат ба маҳрӯмон ва мустазъафин ва тавлиди нахустин ваксинаи эронии корона (ку Эронбаракат) ишора кард.

Бештар бихонед:

Раисӣ: Асоси равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ аст