Паёми телевизионии Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи вазъияти бемории корона
(last modified Wed, 11 Aug 2021 11:02:13 GMT )
Август 11, 2021 16:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ
    Раҳбари инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар суханони телевизионӣ дар бораи вазъияту туғёни бемории корона, онро масъалаи аввалу фаврии кишвар хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар суханони телевизионӣ дар бораи вазъияту туғёни бемории корона, онро масъалаи аввалу фаврии кишвари хонданд ва бо таъкид дар хусуси анҷоми қотеи вазоифу тасмимҳо барои муқобила бо ин беморӣ, тавсияҳову нукоте хитоб ба масъулону мардум баён карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ лозимаи муқобила бо тағйири шаклу ҷаҳиши вирусро бакоргирии ороишу шеваҳои дифои ҷадиду муҳкам хонданд ва гуфтанд: Ҷон бохтани беш аз 500 тан дар як рӯз ва доғдор шудани хонаводаҳояшон ва ҳамчунин ибтилои даҳҳо ҳазор нафар ба беморӣ ва мушкилоти дармонии онҳо ҳақиқатан бисёр дарднок аст ва дили ҳар мусулмон ва ҳаммеҳане аз ин воқеа оташ мегирад. Бинобарин барои муқобила бо ин вазъ вазоифе дорем.

Эшон зарбулаҷали як ҳафтаии раиси ҷумҳур барои ҷамъоварии пешниҳодҳову тасмимгирӣ дар бораи онҳоро коре хуб баршумурданд ва афзуданд: Дар раъси замони таъйиншуда ҷавоби қазия бо диққат санҷида ва барои ҳар иқдоми лозим бо қотеият тасмимгирӣ ва ба он амал шавад.

Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин хастагии шадиди кадри дармон ва фишорҳои ҷисмиву рӯҳии ворид ба онҳоро нигаронии бузурге донистанду афзуданд: Аз самими қалб аз пизишкон, парасторон ва маҷмӯаҳои дармонӣ, ки воқеан дар ҳоли ҷиҳод ҳастанд, ташаккур мекунам, агарчӣ ташаккури аслӣ аз они Худованди шокир ва алим аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба баёни чанд тазаккур, хитоб ба масъулон ва мардум пардохтанд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар лузуми густариши озмоишҳои беморёбӣ хотирнишон карданд: Дар авоили беморӣ, озмоишҳои биморёбии умумӣ роиҷ шуд, ки кори хубе буд ва бояд шабакаи беҳдошт бо кумаки басиҷ ин корро анҷом диҳанд. Эшон бо ишора ба ҳазинаҳои сангини озмоишҳои ташхиси корона таъкид карданд: Давлат ва бимаҳо кумак кунанд то биморёбӣ ва озмоишҳои ташхис ба сурати ройгону васеъ дар ихтиёри ҳамаи мардум қарор бигирад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар тавсияи баъдӣ ба масъулон, масъалаи таъмини густардаи ваксинаро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: Хушбахтона, бо тавлиди ваксина дар дохил масири воридоти хориҷии он низ ҳамвор шуд, дар ҳоле ки то қабл аз он бо вуҷуди пардохти баҳои ваксина, фурӯшандагони хориҷӣ бадаҳдӣ мекарданд.

Раҳбари инқилоб таъкид карданд: Ваксина чӣ аз роҳи воридот ва чӣ бо тавлиди дохилӣ бояд бо талоши дучанд ва ба ҳар шакли мумкин таъмин шавад ва дар ихтиёри ҳамаи мардум қарор бигирад.

Эшон дар хусуси масъалаи таъмини дору барои беморон низ гуфтанд: Бо вуҷуди камбуд ё набуди дору дар дорухонаҳову бемористонҳо, гуфта мешавад, ҳамон доруҳо дар бозори озод бо қимати чандбаробарӣ фурӯхта мешавад, ки ин нишондиҳандаи мушкил дар шабакаи тавзеъ аст ва ин мушкил бояд ҳал шавад. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳузури ҷиддӣ ва қавии нерӯҳои мусаллаҳ дар моҳҳои аввали муқобила бо беморӣ, гуфтанд: Нерӯҳои мусаллаҳ акнун низ машғул ҳастанд, аммо бояд бо ҳамаи тавон ба кумаки мардум биёянд.

Эшон тасмимгирӣ дар хусуси таътилиро масъалае тахассусӣ ва ниёзманди баррасӣ дар ситоди миллии корона хонданд ва афзуданд: Масъулин ба ҳар натиҷае расиданд, бидуни мулоҳиза ва қотеъ ба он амал кунанд.

Раҳбари инқилоб дар бахши дигаре аз суханонашон хитоб ба мардум, бахше аз мушкилро иборат аз риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ донистанд ва афзуданд: Мардуми азиз бо ҳамон ҳассосияти моҳҳои аввал, шеваномаҳоро ба таври комил риоят кунанд то ҷону саломатии худашон ва дигарон ба хатар наафтад.

Эшон ду се моҳ таҳаммули маҳдудиятҳову риояти комили шеваномаҳоро муҷиби фурӯкаш кардани беморӣ ва танаффуси кадри дармон донистанд ва афзуданд: Иншоаллоҳ, бо ҳиммати дастандаркорон то чанд моҳи дигар ваксина ба беҳтарин ваҷҳ дар ихтиёри мардум қарор мегирад ва пас аз он ҳатто бо вуҷуди беморӣ, буҳрону хатари маргумир ва мусибатзада шудани хонаводаҳо коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар тавсияе дигар, маҷлисҳои азои ҳазрати сайидушшуҳадо алайҳиссаломро мояи баракату ҷалби раҳмати илоҳӣ донистанд ва афзуданд: Миллату кишвар ба ин маҷолиси бобаракат эҳтиёҷ дорад, аммо дар баргузории онҳо бояд шеваномаҳо бо камоли диққату шиддат муроот шавад.

Эшон баргузоркунандагони ҷаласот ва ҳамаи ширкаткунандагонро ба риояти завобиту фосилаҳо тавсия ва таъкид карданд: Нагузоред маҷолиси ҳусайнӣ мӯҷиби густариши беморӣ ва мояи таънаи мухолифон ва душманон шавад.

Раҳбари инқилоб ҳамчунин бо ташаккур аз наҳзати муассисот ва эҳсони умумӣ ва кумакҳои хайрхоҳон ба ниёзмандону афрод ва машоғили осебдида, хотирнишон карданд: Ин наҳзат бояд авҷ бигирад ва маркази ин кор, яъне маркази шиносоии ниёзмандони обрӯманд ва кумаку ҳамёрии мардум ба онҳо низ масоҷид бошад.

Эшон дар поён бо ёдоварии масъалаи муҳими дуо, тавассул ва тазарруъ ба даргоҳи Парвардгор барои рафъи бало, гуфтанд: Ҳамаи ин тавсияҳо асбобе ҳастанд, ки муваффақияти онҳо дар гарави инояти Худованди қодир ва ҳаким аст ва маҷолиси азодорӣ низ макону заминаи хубе барои ин тавассулот ва истиғфорҳо аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ибрози умедворӣ карданд, Худованд миллати Эрон, муъминин ва ҳамаи инсонҳо дар саросари ҷаҳонро аз шарри ин бемории хабису пурмушкил наҷот бахшад.