Август 12, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 568 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе эълом кард дар 24 соъати гузашта 568 бемори " Ковид - 19 " фавт карданд ва маҷмӯи фавтиҳо ба 96 ҳазору 215 нафар расид .
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард дар 24 соъати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 39 ҳазору 49 бемори ҷадиди мубтало ба " Ковид - 19 " дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 4 миллиону 320 ҳазору 266 нафар расид .
Бар асоси ин гузориш  то кунун 3 миллиону 647 ҳазору 16 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд .
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод 26 миллиону 889 ҳазору 997 озмоиши ташхиси " Ковид - 19 " дар кишвар анҷом шудааст .
Вазорати беҳдошт  эълом кард то кунун 14 миллиону 229 ҳазору 120 нафар дозаи аввали воксани корона ва 3 миллиону 531 ҳазору 142 нафар низ дозаи дувумро тазриқ кардаанд ва маҷмӯи воксанҳои тазриқшуда дар Эрон ба 17 миллиону 760 ҳазору 262 доза расид .
 

 

Барчасп