Узрхоҳии сафири Британия дар Теҳрон аз давлату мардуми Эрон
Сафири Британия дар Теҳрон дар мавриди интишори акси муштараки вай бо сафири Русия тавзеҳотеро ироа доду аз давлату мардуми Эрон узрхоҳӣ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саймон Шерклифф-сафири Британия дар Теҳрон имрӯзи панҷшанбе дар сохтимони Вазорати умӯри хориҷа ҳозир шуд ва зимни ибрози таассуф аз суитафоҳуми ба вуҷуд омада гуфт : Зимни эҳтиром ба Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва мардуми бузургу таърихи ин кишвар таъкид мекунам ҳеч гуна қасду нияти суъйе дар пушти ин мавзӯъ вуҷуд надоштааст .
Сафири Британия дар Теҳрон афзуд : Сафирон дар паи он будаанд танҳо иттиҳоди Русияву Британия алайҳи Олмони нозӣ дар замони ҷанги дувуми ҷаҳониро ёдоварӣ кунанд .
Сафири Британия дар Теҳрон ибрози умедворӣ кард битавонад дар давраи маъмурияташ дар Теҳрон бар асоси ҷалбу афзониши эҳтирому эътимоди мутақобил ба тавсеъаи равобити ду кишвар кумак кунад .
Ба дунболи интишори тасвири дидори ахири суфарои Русияву Британия имрӯз мудири кулли Аврупои ғарбии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни даъвати сафири Британия ба вазорати умӯри хориҷа бо ғайри қобили қабул донистани ин иқдом, ки боиси халалдор шудани эҳсосоту ғурури миллии мардуми Эрон шуда, таъкид кард мардуми бузурги Эрон дар тӯли таърих ҳамвора собит кардаанд, ки ҳар гуна таҳаррукоти зойидаи тафаккуроти истикбормаобонаро қавиян нораво шумурда ва дар баробари он истодагӣ мекунанд .
Леван Ҷагарян-сафири Русия дар Теҳрон низ рӯзи панҷшанбе барои адои тавзеҳот дар хусӯси акси мунташиршуда аз сӯйи Алиризо Ҳақиқиён-дастёри вазир ва мудири кулли Авруосиё ба вазорати умури хориҷаи Эрон даъват шуд .
Сафири Рӯсия дар ин мулоқот тасреҳ кард ки қасди вай аз интишори ин акс сирфан ёдоварии иттиҳоди Русия бо Британия бар алайҳи артиши нозӣ дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дувум буда ва ба ҳеч ваҷҳ ҳеч ангезаву манзури зиддиэронӣ пушти интишори ин акс вуҷуд надорад .
Суфарои Русияву Британия дар Теҳрон дар ҳамон маҳалле, ки Франклин Рузвелт-раиси ҷумҳӯрии Амрико, Уэнстон Черчил-нахуствазири Британия ва Иосиф Сталин- раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар даврони ҷанги ҷаҳонии дувум « конфаронси Теҳрон »-ро бидуни иттилоъи Эрон баргузор карданд, акси ёдгорӣ гирифтанд .
Мақомоти Эронӣ аз ҷумла Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умӯри хориҷа ва Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон хостори узрхоҳии суфарои Русияву Британия дар Теҳрон шуда буданд.