Август 16, 2021 21:27 Asia/Dushanbe

Раиси Созмони ғизо ва доруи Эрон пешбинӣ кард, то пойизи имсол (1400 шамсӣ) аз ҳисоби тавлид ва воридоти ваксина 80 миллион доза ваксинаи корона дар дастраси мардуми Эрон қарор бигирад.

Муҳаммадризо Шонасоз, раиси Созмони ғизо ва доруи Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Эрон Пресс гуфт: Аз як моҳи пеш суръати ваксинатсия дар Эрон бо тавлиду афзоиши воридоти ваксинаи корона ба адади қобили қабуле расидааст ва ҳамакнун дар Эрон рӯзона 500 ҳазор тазриқи ваксинаи корона анҷом мешавад.

Раиси Созмони ғизо ва доруи Эрон пешбинӣ кард: То обони имсол аз ҳисоби тавлиду воридоти ваксина, 80 миллион доза ваксинаи корона дар дастраси мардуми Эрон қарор бигирад.

Ваксинатсияи умумӣ дар Эрон ҳамзамон бо таъмини ваксина аз манобеи хориҷӣ бо ваксинаи эронии коронаи «Ков Эрон Баракат» дар ҳоли анҷом аст.

Бинобар эъломи рӯзи душанбе, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун беш аз 19 миллиону ҳаштсад ҳазор даза ваксинаи корона дар Эрон тазриқ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп