Август 18, 2021 16:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории азодории Тосуо бо риояти фосилагузорӣ дар саросари Эрон

Маросими азодории сайиду солори шаҳидон дар рӯзи Тосуо бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, азодорони ҳусайнӣ имрӯз дар фазои боз бо риояти фосилаи иҷтимоӣ ва дигар дастуруламалҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла доштани ниқоб гирд омаданд то ишқу иродати худро ба соҳати ҳазрати Абоабдуллоҳил Ҳусайн (а) ва аламдори бовафояш нишон диҳанд.

Дар ин маросим ҳозирин дар мусибати аламдори Карбало ва асҳоби эшон бар сару сина заданд.

Имрӯз (чаҳоршанбе), баробар бо нуҳумин рӯзи моҳи Муҳаррамалҳароми соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ (18 августи 2021) Тосуои ҳусайнӣ (а) аст.

Имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояшон дар даҳуми Муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп