Август 19, 2021 20:11 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози зуҳри Ошӯро дар саросари Эрони исломӣ

Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ намози зуҳри Ошӯроро ба ёди сарвару солори шаҳидон-ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) иқома карданд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, азодорони ҳусайнӣ имрӯз панҷшанбе бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ бо ҳузур дар ҳайатҳои мухталиф дар саросари Эрон аз соъоти аввалияи субҳи рӯзи Ошӯро ба азодорӣ ва сӯгворӣ барои сайиду солори шаҳидон, Ҳусайн ибни Алӣ ( ъ ) пардохтанд ва дар азоу мотами сарвару солори шаҳидону ёрони бовафои ишон ашки мотам рехтанд .
Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ ҳамчунин намози зуҳри Ошӯроро ба ёди сарвару солори шаҳидон- ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) иқома карданд .
Дар зуҳри Ошӯро ҳангоме, ки « Абусамома » вақти намози зуҳрро ба Имом ( ъ ) ёдоварӣ кардмом Ҳусайн ( ъ ) аз кори ӯ хушнуд шуданд ва дар ҳаққи ӯ дуъо карда ва фармуданд : « Намозро ёдовар шудӣ, Худованд туро аз намозгузорон қарор диҳад . »