Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, роҳпаймоии бошукӯҳи мардуми Эрон дар рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, Амрикоро маъюс кард.
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон 13-уми обон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳониро Рӯзи душмании мардуми Эрон бо Амрико эълом кард ва афзуд: “Душмании миллати Эрон бо Амрико ҳам ҷанбаи динӣ ва ҳам ҷанбаи ахлоқӣ дорад”.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳушдор дод, бояд муроқиби нуфузи Амрико буд, зеро ин давлат, ки душмании худро ошкоро бо миллати Эрон эълом кардааст, ба ҳеч як аз равобити инсонӣ пойбанд нест.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки БАРҶОМ собит кард, Амрико дуруғгӯву бадаҳд аст, таъкид кард: “Музокира бо Амрико мушкилеро ҳал намекунад”.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо ишора ба интиқоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз напардохтан ба ҷиноёти Амрико дар китобҳои дарсӣ афзуд, агар БАРҶОМ ҳеч натиҷае надошт, ҷуз ҳамин, ки равшан шуд Амрико дурӯғ мегӯяд ва ваъдахилофӣ мекунад, муҳим аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард: “Бояд муроқиб буд, ки амрикоиҳо ба Эрон бознагарданду набояд ин душманӣ як лаҳза фаромӯш шавад. Мардуми ҷаҳон низ ҷиноёти Амрикоро фаромӯш намекунанд, зеро ин кишвар як лаҳза аз ҳимоят аз режими саҳюнистӣ поён надодааст.