Август 25, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти раванди тиҷорати Эрон ва Афғонистон ба ҳолати оддӣ

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт, раванди тиҷорат байни Эрону Афғонистон, ки тайи якуним моҳи гузашта кунд шуда буд, тақрибан ба ҳолати оддӣ боз гаштааст.

Рӯҳуллоҳ Латифӣ афзуд: Бо бурузи таҳаввулоту иттифоқоте, ки дар кишвари Афғонистон тайи якуним моҳи гузашта ба вуҷуд омада буд, тиҷорати Эрон бо Афғонистон мутаваққиф нашуд ва фақат дар марзи Моҳирӯд камтар аз 24 соат, марзи Дуқорун камтар аз 3 рӯз ва марзи Малик камтар аз 5 рӯз таваққуфро шоҳид будем.

Латифӣ гуфт: Ба далели иттифоқоте, ки дар кишвари Афғонистон афтод, дар бархе аз рӯзҳо тоҷирҳо тасмим гирифта буданд, ки мизони колоҳои худро каме коҳиш диҳанд, албатта тайи чанд рӯзи гузашта мизони табодули коло дар марзҳои сегонаи Эрон бо Афғонистон дубора афзоиш пайдо карда ва ба ҳолати оддӣ боз гашта аст.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд: Тайи 5 моҳаи нахусти имсол (1400 шамсӣ) 2 миллиону 165 ҳазор тон коло ба арзиши 855 миллион доллар аз Эрон ба кишвари Афғонистон содир шудааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 1. 7 дарсад коҳиш ва нисбат ба соли 1398 панҷ дарсад коҳиш доштааст.