Ноябр 04, 2016 18:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Эрон ба Туркия мутаваққиф шуд

Муовини вазири нерӯи Эрон қарзи ҳудуди 200 миллиондолларии ширкати туркии харидори барқ аз Эронро иллати таваққуфи содироти барқ ба Туркия эълом кард.

Ҳушанги Фалоҳатиён, муовини вазири нерӯи Эрон бо баёни ин ки аз чанд моҳи қабл Эрон содироти барқ ба Туркияро мутаваққиф кардааст, гуфт: “Муҳимтарин иллати таваққуфи содироти барқи Эрон ба ин кишвари ҳамсоя, пардохт накардани маблағи бидеҳӣ тавассути ширкати туркии харидори барқ аст”.

Муовини вазири нерӯи Эрон афзуд, бо вуҷуди таваққуфи содироти барқи Эрон ба Туркия, гуфтугӯҳо барои дарёфти қарз ва азсаргирии содироти барқ ба он кишвар оғоз шудааст.

Фалоҳатиён бо баёни ин ки пешбинӣ мешавад, дар муддати 4 то 5 моҳи оянда имкони баргардонидани бидеҳии Эрон аз ширкати туркӣ фароҳам шавад, таъкид кард: “Дар сурате ки аз пардохти бидеҳиҳо итминон ҳосил шавад, имкони аз саргирии фурӯши барқ ба ширкати туркии харидори барқи Эрон вуҷуд дорад”.

Содироти барқи Эрон ба Туркия дар ҳоле мутаваққиф монда, ки Ироқ ҳам ба унвони муҳимтарин муштарии барқи Эрон дар минтақа, қарзи ҳудуди як миллиарддолларии барқӣ ба Вазорати нерӯи Эрон дорад.

Пештар бархе аз расонаҳои Туркия дар ташреҳи далоили таваққуфи содироти барқ ба Туркия эълом карда буданд, бо тавваҷуҳ ба ҳаҷми болои боришҳои баҳорӣ дар Туркия, зарфияти садҳои обии ин кишвар комил ва ҳатто саррез шудаву бо афзоиши мавҷудии об дар садҳои Туркия ва боло рафтани тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои обии ин кишвар дархости таваққуфи воридоти барқ аз Эрон ироа шудааст.