Август 26, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Хизмат ба мардум дар манзари имом Хумайнӣ (раҳ.) ҷойгоҳи вижае дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, дар андешаи имом Хумайнӣ (раҳ.), ки хизмат ба мардумро ба мо омухтанд ва ҳамвора раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ низ бар он таъкид доштанд, хизмат ба мардум барои Худо аст.

Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, имрӯз (панҷшанбе) дар маросими таҷдиди мисоқи ҳайати давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) гуфт, дар манзӯмаи андешаи имом Хумайнӣ (раҳ.) хизмат маънои хосе жорад.

Раисҷумҳури Эрон афзуд, нигоҳи имом Хумайнӣ (раҳ.) дар хизмат ба мардуми нигоҳе, ташрифотӣ набуд ва ин нигоҳи сиёсӣ, ки сиёсатмадорон доранд ин нигоҳ дар имом вуҷӯд надошт.

Ба гуфтаи Раисӣ, ҳақиқатан имом Хумайнӣ (раҳ) мардумро бовар  дошт ва агар мефармуданд мизони раъй миллат аст бовар доштанд, лизо меҳвар дар ин давлат меҳвари амонтдории давлат ва масъулият ва созу корҳои идорӣ ба унвони як амонат дар хизмат ба мардум аст.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт, бо раҳнамудҳо ва роҳбурдҳое, ки имом Хумайнӣ (раҳ.) бар он таъкид доштанд, бояд дар амал ва иқдом пойбанд бошем.

 

Барчасп