Рутбаи дувуми рақобатҳои ҷаҳонии сангнавардӣ барои намояндаи Эрон
Миллипуши зани сангнавардии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Русия дар ҷойгоҳи дувуми ҷадвали радабандӣ қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақли аз хабаргузории Эронпресс, Маҳё Доробиён-миллипуши зани сангнавардии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Русия дар бахши комбайн, ки шомили се риштаи суръат, сартаноб ва булдринг аст ба тартиб дар ҷойгоҳҳои 4, 17 ва 7 истод ва тавонист рутбаи дувуми ҷаҳониро дар радаи синнии ҷавонон аз они худ кунад . Ин дар ҳоле аст, ки Маҳё Доробиён дар марҳалаи нимапоёнии модаи « булдринг » ба иллати осебдидагӣ аз ноҳияи зону натавонист ба финал роҳ ёбад . Бар асоси қавонини федерасиюни ҷаҳонии сангнавардӣ дар бахши комбайн медал ба бартаринҳо дода намешавад ва сирфан номи варзишкорон дар ҷадвали радабандӣ қарор мегирад .