Сентябр 01, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Кор бо ҳамсоягон авлавияти давлати Эрон аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар твите бо ишора ба мулоқоти ахири худ бо нахуствазири Иморот дар ҳошияи нишасти Бағдод гуфт, кор бо ҳамсоягон авлавияти давлати сенздаҳуми Эрон аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён гуфтугӯи худ бо шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, нахуствазири Иморотро мусбату самимона тавсиф кард ва изҳор дошт: Эрон ва Иморот метавонанд дар масири ҳамкорӣ ва таҳаққуқи сиёсату дипломатияи ҳамсоягӣ гомҳои баланде бардоранд.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо таъкид бар ин ки кор бо ҳамсоягон авлавияти давлати сенздаҳуми Эрон аст, афзуд: Эрон барои пешбурди муносиботи фимобаён ва таҳаққуқи ҳамкориҳои минтақаӣ, бо ҳамсоягон машварат, ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ мекунад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён чаҳоршанбеи гузашта низ дар твите таъкид карда буд, ҳамсоягон ва Осиё авлавияти нахусти кории ӯ ҳастанд.

Нишасти минтақаии «Ҳимоят аз Ироқ» рӯзи шанбе дар Бағдод баргузор шуд. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин нишаст ширкат ва зимни эроди суханронӣ бо теъдоде аз мақомоти ширкаткунанда дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп