Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи Пекин ва уфуқи равшани тавсеаи равобит
(last modified Sun, 05 Sep 2021 04:39:19 GMT )
Сентябр 05, 2021 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи Пекин ва уфуқи равшани тавсеаи равобит

Ҳузури густардаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии тиҷорати Пекин- пойтахти Чин, баёнгари хези баланди саноат ва тавлидкунандагони эронӣ барои ҳузуре муваффақ дар бузургтарин бозори тиҷории ҷаҳон аст.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо суханони Си Ҷин пин, раисифумҳурии Чин ифтитоҳ шуд, ғурфаҳое ҳамчун саноати дастӣ, фарш ва соири саноат аз Эрон ҳузури фаъоле доранд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин дар солҳои ахир равобити худро дар бахшҳои мухталиф тавсеа додаанд.

Мавқеъияти мумтози Эрон дар минтақа ва имкони табдили он ба макони тиҷории минтақа ҷиҳати меҳвар қарор гирифтани мубодилоти тиҷории минтақаӣ мӯҷиб шудааст то равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Чин дар мавқеъияти хубе барои тавсеа қарор бигирад. Дар ҳамон ҳол ки Эрон метавонад дар бахшҳои мухталифи энержӣ ниёзҳои Чинро муртафаъ намояд бозорҳои пурҷозиба ва густурдаи масрафи Чин низ метавонад ба шукӯфоии иқтисодии Эрон кумак намояд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ин интизорро аз Чин дорад, ки дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба таҳти таъсири сиёсатҳои кишварҳои мутахосим бо Эрон ва Чин қарор нагирад. Зеро Амрико бисёр дар талош аст то дар чорчӯби маҳори Чин бар равобити ин кишвар бо шарикони тиҷориаш таъсири манфӣ бигузорад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Global Times” чопи Пекин, Чин интизор дорад давлати Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико истодагӣ кунад Чин низ бояд бидуни тавваҷуҳ ба фишорҳои Амрико ва дар ростои манофеъи ду ҷонибаи Пекин ва Теҳрон, монеъ аз таъсири фишорҳои таҳримҳои иқтисодии Амрико бар Эрон шавад.