Дастгирии Эрон аз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон
Намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар Афғонистон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад.
Ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, "Муҳаммад Иброҳими Таҳриён", намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар Афғонистон, дар як маҷлиси маҷозии намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба зарурати таваҷҷӯҳ ба ранҷу мушкилоти мардуми мардуми Афғонистон.
Намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар Афғонистон, дар ин нишаст гуфт: "Сулҳу оромӣ дар ин кишвар танҳо бо таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавмҳо имконпазир хоҳад буд."
Бо ишора ба музокироти телефонии вазирони умури хориҷаи Эрон, Чин ва Русия дар робита ба нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки амалан рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта (8 сентябр) баргузор мешавад, Таҳриён изҳори умедворӣ кард, ки вазирони корҳои хориҷӣ паёми возеҳ ва қавӣ мефиристад.Мардуми Афғонистон бояд дар шароити кунунӣ ташкили ҳукумати фарогирро дастгирӣ кунанд.
Намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон имрӯз дар як маҷлиси маҷозӣ таҳаввулоти кунуниро дар Афғонистон баррасӣ карданд.