Таъкиди Ҷибилӣ бар таъсиси шабакаи телевизиюнии вижаи мардуми Афғонистон
Муовини бурунмарзии Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Иттифоқоти ахири Афғонистон эҷоб кард, то барои роҳандозии як шабакаи телевизиюнии вижаи мардуми Афғонистон иқдом кунем .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Паймони Ҷибилӣ-муовини бурунмарзии дирӯз, якшанбе дар боздид аз Садо ва Симои маркази Хуросони разавӣ гуфт : Рисолату маъмурияти мо дар шабакаҳои бурунмарзӣ бар муаррифии сабкҳои зиндагии исломӣ, интиқоли паёми инқилобу пӯшиши комили рӯйдодҳо бо тавваҷуҳ ба арзишҳои инқилоби исломӣ аст .
Ҷибилӣ афзуд : Ба таври табиӣ пардохтан ба рӯйдодҳои ҳамсоягон, аз ҷумла Афғонистон барои мо дар авлавият қарор дорад, аммо бо тавваҷуҳ ба иттифоқоти ахир дар Афғонистон ин авлавият барои мо пуррангтар шудааст .
Муовини бурунмарзии Садо ва Симо афзуд : Мо аз гузашта то кунун барои пӯшиши рӯйдодҳои Афғонистон ба таври хосу ом расонаҳои мухталиферо мисли радиои дарӣ, радиои пашту ва Ай-филм 2-ро дар ихтиёр дорем .
Ҷибилӣ хотирнишон кард : Баъд аз тағйиру таҳаввулоти сиёсӣ дар кишвари Афғонистон ва барои гом бардоштан ба самти фармоиши Мақоми муъаззами раҳбарӣ, ки фармуданд мо дар канори мардуми Афғонистони хоҳем истод ва дар ҳамин росто баррасиҳоро барои роҳандозии як шабакаи телевизиюнии вижаи мардуми Афғонистон оғоз кардем .
Вай гуфт : Мо тамоми талошамонро барои барқарории иртиботи муассир бо мардуми Афғонистон хоҳем кард; ҳамин тавр ки дар мавриди бақияи кишварҳо сиёсати мо ба ҳамин сурат буда ва тамоми талоши мо ин аст, ки битавонем арзишҳои инқилоби исломиро ба кишварҳои ҳамсоя мунтақил кунем .
Бештар бихонед :