Сентябр 07, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи такрории Фаронса дар бораи гомҳои барҷомии Эрон

Вазорати хориҷаи Фаронса душанбешаб дубора дар баёнияе мудохилаҷӯёна бидуни ишора ба бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар қиболи БарҶом аз иқдоми Эрон дар таваққуфи иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқӣ ибрози таассуф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати хориҷаи Фаронса дар ин баёния бо иттиҳомзанӣ ба Эрон, хостори ба истилоҳ азсаргирии комили ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шуд.

Вазорати хориҷаи Фаронса дар баёнияи худ Теҳронро ба адами ироаи тавзеҳоти фаннӣ ва кофӣ дар бораи ибҳомоти мавриди назари Ожонси байналмилалии энержии атомӣ муттаҳам кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон, 23 феврали 2021 дар ростои иҷрои моддаи шашуми қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳову сиёнат аз манофеи миллати Эрон, ки дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тасвиб шуда буд, назоратҳои фароподмонӣ ва иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф кард.

Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пеш аз таваққуфи иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқӣ тавофуқ карда буданд, ки иттилооти дурбинҳои насбшуда дар таъсисоти ҳастаии Эрон барои 3 моҳ нигаҳдорӣ шавад ва дар сурате, ки тавофуқе байни Эрон ва тарафҳои барҷомӣ ҳосил нашуд, иттилооти дурбинҳо пок шавад.

 

Бештар бихонед: