Сентябр 08, 2021 10:01 Asia/Dushanbe

Ҳамоиши дипломатии фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш аз соати 17 имрӯз бо ҳузури андешмандони эронӣ ва тоҷик дар маҳалли сохтмони шуҳадои радиои Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиши якрӯза дар Теҳрон доктор Акбарӣ, дабири ин ҳамоиш, доктор Нодири Каримён, муҳаққиқ ва нависанда, Маъруфҷон Абдураҳмон, муовини фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Сарвар Бахтӣ, раиси муассисаи ЭКО ба эроди суханронӣ дар хусуси абъоди мухталифи дипломатияи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон пардохтанд.

Ин ҳамоиш ба ҳиммати муассисаи мутолиеоту таҳқиқоти байналмилалии «Аброри муосири Теҳрон» баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш доктор Алиризо Ҳабибӣ, мудири шабакаи радиои фарҳанг бо ишора ба мондагории фарҳангҳо дар кишварҳои ҳамзабон гуфт: Ин ҳамоиш бо ҳамкории радиои фарҳанг, умури байналмилали Созмони садо ва симои Эрон ва муассисаи ЭКО ва муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии «Аброри муосири Теҳрон» баргузор шудааст.

Вай дипломатияи фарҳангиро қалби дипломатияи сиёсӣ номид ва гуфт: Умедворем тафоҳумномаи бародархондагӣ ба имзои ду кишвар расидаву сатҳи таомулоти фарҳангӣ дар ҳадди воқеии худ иртиқо ёбад.

Дар идома доктор Обиди Акбарӣ, мудири муассисаи мутолеоту таҳқиқоти байналмилалии «Аброри муосири Теҳрон» гуфт: Тоҷикистон фақат ҳамсояи Эрон нест, балки мардуми Тоҷикистон ақвоми кишвари мо ҳастанд ва дар фосилаи ҷуғрофиёии дуртаре қарор гирифтаанд, аммо фарҳанги муштараки ду миллатро ба ҳам муттасил кардааст.

Доктор Акбарӣ ҳадаф аз ин ҳамоишро тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар унвон кард.

Дар идомаи ин ҳамоиш ҳамчунин Маъруфҷон Абдураҳмон, муовини фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба эроди суханронӣ пардохт ва гуфт: Ҳангоме, ки миллати мо «Шоҳнома» мехонад ё бар болои гаҳвораи кӯдакони китобҳои Ҳофизу Саъдӣ қарор дорад, ин ҳамон нишони дилбастагии тоҷикон ва эрониён аст.

Вай афзуд: Мо аз ин иқдом баргузории ҳамоиши дипломатияи фарҳангии миёни Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон самимона ташаккур мекунем ва ин иқдоми муҳим дар остонаи ҷашни 30 солагии Тоҷикистон ва низ ҳамоиши 20 солагӣ кишварҳои узви Созмони Шанхай бисёр дорои аҳамият ва дорои таъсисоти матлуб аст.

Вай афзуд: Тоҷикистон дар соли 1991 мустақил шуд ва ҷолиб ин ҷост, ки аввалин кишваре ки ин истиқлолро ба расмияти шинохти Ҷумҳурии исломии Эрон буд.

Маъруфҷон Абдураҳмон, муовини фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Дар тӯли ин 30 сол ҳудуди 170 санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст ва барои пайгирии иҷрои ин санадҳо комиссиюни муштараки Эрон ва Тоҷикистон ташкил шудаҷу ҳамзамон кумитаи пайгирии иҷрои мафоди ин санадҳо низ ташкил шудааст.

Дар идомаи ин ҳамоиш,  мусоҳибаи хабарнигори радиои тоҷикиро бо оқоён доктор Акбарӣ, дабири ин ҳамоиш Маъруфҷон Абдураҳмон, муовини фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Сарвар Бахтӣ, раиси муассисаи ЭКО-ро дар подкастҳои савтии ҷудогона мешунавед.

 

Бештар бихонед: