Сентябр 11, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 3 миллиону 200 ҳазор дози ҷадиди ваксинаи корона ба Эрон

Ҳудӯди 3 миллиону 200 ҳазор доз(воя)-и ваксинаи корона аз навъи “Синуформ”-и чинӣ ва аз сабади Квокс бомдоди имрӯз вориди кишвар шуд, ки бо вуруди ин маҳмӯла, маҷмӯи воридоти воксани корона аз 50 миллион доз убӯр кард.

Меҳрдоди Ҷамолии Арунақӣ, муовини фаннӣ ва умӯри гумрукии Эрон дар ҳошияи тахлияи ин маҳмӯла дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ.) дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Садо ва симо гуфт, ташрифоти гумрукии ин маҳмӯла ва мутобиқати лозим, билофосила ва дар дохили ҳавопаймо анҷом шуд ва басӯрат ҳамли яксара дар ихтиёри намояндагони вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ қарор гирифт.

Ҷамолии Арунақӣ бо баёни инки ин панҷоҳумин маҳмӯлаи воксанҳои воридотии корон аст, афзуд, дар 49 маҳмӯлаи қаблӣ, ҳудӯди 47 миллион доз воксан ворид шуд.

Вай изофа кард, ҳудӯди 45 дарсад аз кулли воксанҳои воридотӣ дар ҳамин моҳ ва 55 дарсади дигар дар 7 моҳи гузашта ворид шудааст.

Вай гуфт, қарор аст дар ду рӯзи оянда, маҳмӯлаи 5 миллион дозии дигар тавассути Ҳилоли Аҳмари Эрони ворид кишвар шавад ва ҳамчунин бар асоси эъломи масъӯлони вазорати беҳдошт, чанд маҳмӯлаи миллионии дигар низ то поёни ҳамин моҳ, ворид хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ҳамаи ақломи муртабит бо корона аз ҷумла доруҳо, маводи аввалия ва серум, билофосила басӯрат ҳамли яксара аз гумрук тархис мешаванду соҳибони коло мулзам ҳастанд бо ахзи муҷаввизҳои лозим дар ҳамон замон, тархисро анҷом диҳанд.

Бештар бихонед:

Барчасп