Сентябр 12, 2021 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ : Эрон  ва Ожонс бар идомаи ҳамкорӣ таъкид карданд

Сафиру намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бар тадовуми рӯҳи ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобил байни Эрону Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард .

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ-сафиру намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена пас аз дидори Рафаэл Гросси-мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон дар тветте навишт : Тарафайн дар чорчуби таъомулот ва ҳамкориҳои мавҷуди байниякдигарӣ тасмим гирифтанд дидорҳои мутақобилро дар сутӯҳи муртабит тадовум диҳанд .
Ғарибободӣ дар идома навишт: Тарафайн рӯҳи ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобилу аҳамияти тадовуми он ва ҳамчунин зарурати расидагӣ ба мавзӯъоти байниякдигарӣ дар фазойи созанда ва мунҳасиран фанниро мавриди ёдоварӣ ва таъкиди муҷаддад қарор доданд .
Рафаэл Гросси-мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дируз ( шанбе ) шаби вориди Теҳрон шуд ва бо Муҳаммади Исломӣ-раиси созмони энержии атомии Эрони дидору гуфтугӯ кард .

 

Барчасп