Сентябр 13, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 5.2 дараҷаи Рихтер атрофи Қучон дар устони Хуросони разавии Эронро ларзонд

Заминларзае ба бузургии 5.2 дараҷаи Рихтер соъати 8:32 дақиқаи субҳи душанбе атрофи Қучон дар устони Хуросони разавии Эронро ларзонд.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, ин заминларза дар тӯли ҷуғрофиёии 58.86 ва арзи ҷуғрофиёии 37.08 ва дар умқи 6 километрии замин ба вуқуъ пайвастааст.
Ин заминларза дар 30 километрии Қучон, 35 километрии Чопишлу ва 42 километрии Чакана дар устони Хуросони разавӣ рух додааст .
Шиддати зилзила ба ҳадде буд, ки дар бисёре аз нуқоти устони Хуросони разавӣ аз ҷумла Машҳад ва бархе устонҳои ҳамҷавор эҳсос шуд .
Ҳануз аз хисороти эҳтимолии ин заминларза гузорише мунташир нашудааст.



Бештар бихонед:

 

Барчасп