Сентябр 13, 2021 14:56 Asia/Dushanbe
  • Гузари бедардисари волейболи Эрон аз марҳилаи гуруҳии қаҳрамонии Осиё

Тими миллии волейболи Эрон бо пирӯзӣ дар дуюмин бозии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё,гузари худ аз марҳилаи гуруҳии рақобатҳоро қатъӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тими миллии волейболи Эрон аз соъати 10:30 субҳи имрӯз ( душанбе ) ба масофи Таиланд рафт ва ин тимро бо натиҷаи се бар сифр шикаст дод. Се сети ин бозӣ бо имтиёзоти 25 бар 18 ، 25 бар 12 ва 25 бар 18 ба сӯди Эрон рақам хурд .
Бо ин натиҷа тими миллии Эрон бо 2 бурд ва 6 имтиёз роҳии марҳилаи баъдии мусобиқот шуд .
Шогирдони Атоӣ аз соъати 5 субҳи фардо ( сешанбе ) дар охирин мусобиқаи худ дар марҳилаи гуруҳӣ ба масофи Покистон мераванд. Раҳмон Муҳаммадии Род- сармураббии тими миллии Покистон аст ва ин тим ҳам монанди Эрон бо 2 бурд, роҳёбии худ ба марҳилаи баъдии мусобиқотро қатъӣ кардааст .
Бисту якумин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё аз 21 то 28 шаҳривар ба мизбонии Ҷопон баргузор мешавад . 2 тими бартари ин мусобиқот саҳмияи ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳони 2022-ро касб мекунанд .
Дар 20 давраи гузаштаи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Эрони се тилло, 2 нуқра ва як бринҷӣ ба даст оварда буд ва пас аз Ҷопон,Кореяи ҷанубӣ ва Чин чаҳорумин тими пурифтихори Осиё маҳсӯб мешавад.

 

Барчасп