Раисӣ дар Тоҷикистон бо Путин дидор мекунад
(last modified Tue, 14 Sep 2021 10:33:27 GMT )
Сентябр 14, 2021 15:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар Тоҷикистон бо Путин дидор мекунад

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия қарор аст дар шуҳри Душанбе ва дар ҳошияи иҷлоси Шанхай дидор кунанд.

Ба гузориши ИРНА, сарони 12 кишвари минтақа, аз ҷумла Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Шанхай ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд.

Дар ҷараёни ин сафар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Сайид Иброҳими Раисӣ қарор аст дар Душанбе ва дар ҳошияи ин иҷлос дидор кунанд.

Сарони 12 кишвари минтақа, аз ҷумла ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Шанхай дар 16 ва 17 сентябр (25 ва 26 шаҳривар) ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд. Ба назари таҳлилгарон буҳрони Афғонистон яке аз мавзӯоти аслии ин иҷлос хоҳад буд.

Шаҳри Душанбе ин рӯзҳо худро барои ду нишасти муҳими минтақаӣ, шомили Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар охири ин ҳафта омода кардааст.

Эрон ба унвони кишвари нозир дар СҲШ, ба дунболи узвияти доимӣ дар ин созмон аст.

Гуфта шудааст, ки Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ 15 сентябр (24 шаҳривар) вориди Душанбе мешавад ва ҳамон рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор мекунад.

Дар иҷлоси СҲШ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз Кобул ҳеҷ ҳайат ё намояндае ширкат нахоҳад кард, аммо бо вуҷуди ғайбати мақомоти Кобул, ба гуфтаи таҳлилгарон, вазъияти Афғонистон мавзӯи аслии баҳси сарони минтақа хоҳад буд.

Расонаҳои русӣ ба нақл аз Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар СҲШ гузориш доданд, ки ҳеҷ ҳайате аз Афғонистон аъам аз давлати Толибон бо мақомоти собиқи ин кишвар дар иҷлоси 16 ва 17 сентябр (25 ва 26 шаҳривар) дар Душанбе ширкат нахоҳанд кард.

Мақомоти тоҷик ҳам дар мавриди ҳузури мақомоти давлати Толибон ё мақомоти собиқ дар ин иҷлос изҳор назаре накардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои 20 санади ҷадид дар сафари Путин ба ин кишвар хабар доданд, аммо ҷузъиёти тавофуқҳо ба таври расмӣ эълом нашудааст.

Пеш аз ин, мақомоти тоҷик эълом карда буданд, ки тавофуқномаи ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирон омодаи имзо аст.

Ҷузъиёти бештари сафари Владимир Путин ба ин шарҳ аст, ки ӯ ва ҳамтои тоҷикаш - Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими маҷозӣ барои панҷ мактаби русӣ ширкат хоҳанд кард. Барномарезӣ шудааст, ки ин мактабҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода сохта шавад.

 

Бештар бихонед: