Эрон мехоҳад ба мардуми Афғонистон кумак кунад
Сентябр 14, 2021 22:04 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард: Эрон саъй дорад ба мардуми Афғонистон кумак кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садаи Хуросон, Маҳмуд Аббосзода Мешкинӣ, сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт: Консулгарӣ дар кумак ба довталабони сафари тиббӣ ба Эрон фаъол аст.
- Аббосзода Мешкинӣ афзуд: "Дар ин нишаст вазири умури хориҷаи Эрон дипломатияи хориҷиро дар робита бо Афғонистон шарҳ дод ва изҳор дошт, ки равиши Эрон ба Афғонистон дастгирӣ ва кумак ба мардуми афғон ва талош барои ташкили ҳукумати фарогир аст."
Сухангӯи Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумон гуфт: Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ишора кард, ки ҷараёни кунунии ҳукмрон як ҷузъи воқеъияти Афғонистон аст ва ситоди Афғонистон дар вазорати умури хориҷа дубора кори худро оғоз кардааст.
Маълумоти бештар:
Барчасп