Сентябр 15, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Созмони энержии атомӣ аз нерӯгоҳи атомии Бушеҳр

Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз нерӯгоҳи атомии Бушеҳр боздид кард.

Ба гузориши «Эрон Пресс», Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар ин боздид аз тарҳи эҳдоси воҳидҳои 2 ва 3 нерӯгоҳи атомии Бушеҳр боздид кард ва аз наздик дар ҷараёни фаъолиятҳои суратпазируфта ва раванди пешрафти пружаҳо қарор гирифт.

Дар идомаи ин боздид муовини раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласае, ки бо ҳузури мудирони нерӯгоҳи атомии Бушеҳр ва ширкати тавлиду тавсеаи Созмони энержии атомӣ ташкил шуд, ҳузур ёфт ва табодули назар дар хусуси охирин иқдомоту пешрафтҳои ҳосилшуда перомуни беҳбуди кору фаъолият дар ин нерӯгоҳ анҷом шуд ва тавзеҳоти фаннӣ дар хусуси раванди таҳқиқу тавсеа ва ҳамчунин иқдомоти оянда ироа гардид.

 

 

 

Барчасп