Сентябр 16, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои нишони кишвари Тоҷикистон ба муовини садои Созмони садо ва симои Эрон

Дабири аввал ва муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон нишони кишвари Тоҷикистонро ба муовини садои Созмони садо ва симо эҳдо кард.

Ба гузориши равобит умумии муовинати садои Созмони садо ва симо, Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввал ва муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон пайрави маросими баргузории “Ҳамоиши дипломатии фарҳангии Эрону Тоҷикистон”, ки бо талоши "радио Фарҳанг" баргузор шуда буд, дидор кард.

Дар ин дидор Алӣ Бахшизода, муовини садои раиси Созмони садо ва симо гуфт, имрӯз ҳамафзоии фарҳангӣ, эҳтироми вижа ба посдошти забони форсӣ ва ошноӣ бо кишварҳои ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар аввлавияти садо ва симо аст ва ҳамаи шабакаҳои радиоӣ бояд нақшофаринӣ кунанд.

Вай зимни қадрдонӣ аз муовини сафири Тоҷикистон аз мардум ва кишвари Тоҷикистон ба унвони бародарони форсизабон ва хешовандони фарҳангӣ ёд ва маъмурияти ҷадидеро дар ҳавзаи таомулоти фарҳангӣ ва расонаӣ барои шабакаҳои саросарии садо бо меҳварияти “радио Фарҳанг” таъриф кард.

Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввал ва муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон низ гуфт, бо тавваҷӯҳ ба таърих ва тамаддуни муштараки ду кишвари Тоҷикистону Эрон, тавлид ва пахши барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ барои ошноии бештари мардуми Эрон бо Тоҷикистон дар остонаи 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар лозим аст.

Вай афзуд, дар 8 соли ахир тарози табодулоти тиҷории ду кишвар аз 300 миллиондоллар ба камтар аз 60 миллиондоллар коҳиш ёфтааст, ки ниёзманди тақвияти равобити иқтисодии бештар ҳастем.

Маъруфҷон Абдураҳмонов тасреҳ кард, ҳамчунин дар заминаи ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ бо тавваҷӯҳ ба асноди мунъақид шудаи қаблӣ, бояд иқдомоти махсӯс ва ҳамкориҳои мутақобил тақвият шавад.

Вай дар поёни ин дидор лавҳи сипоси сафири Тоҷикистон дар Эронро ба раиси Созмони садо ва симо ва нишони кишвари Тоҷикистонро ба поси қадрдонӣ аз баргузории “Ҳамоиши дипломатии фарҳангии Эрону Тоҷикистон”ба муовини садои Созмони садо ва симои Эрон эҳдо кард.

 

Барчасп