Президенти Эрон вориди Тоҷикистон шуд
Президенти Эрон чанд дақиқа пеш барои як сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон чанд дақиқа қабл барои анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо раҳбарии ҳайати баландпояи сиёсиву иқтисодӣ ба пойтахти Тоҷикистон омад. Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба истиқобли меҳмон баромад.
Раисӣ фардо дар нишасти СҲШ суханронӣ мекунад.
Мулоқот бо шуморе аз сарони кишварҳои узви ин созмон низ дар дастури сафар аст.
Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, раисиҷумҳури Эрон ба донишмандон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Қарор аст рӯзи шанбе дар Қасри Миллат мулоқоти хусусии президентҳои Эрону Тоҷикистон ва музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор шавад.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз Раисӣ аз оромгоҳи Мирсид Алии Ҳамадонӣ, маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва мулаққаб ба Амир Кабир, орифи асри ҳаштуми эронӣ, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ аст, зиёрат хоҳад кард.