Сентябр 16, 2021 19:09 Asia/Dushanbe
  • Бозгашт ба садри радабандӣ - Эрон дубора оқои Осиё

Бо эъломи расмии Конфедерасиюни футболи Осиё, тим(даста)и миллии Эрон пас аз касби натоиҷи хуб дар ҳафтаҳои гузашта як бори дигар ба садри радабандии бартарин тимҳои Осиё роҳ ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамон тавр, ки интизор мерафт дар ҷадидтарин радабандии бартарин тимҳои миллии ҷаҳон дар моҳи сентябр тими миллии Эрон пас аз касби натоиҷи хуб дар мароҳили муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ тавонист садри Осиёро аз они худ кунад ва ба султаи кӯтоҳмуддати Ҷопон поён диҳад .
Пас аз ҳузури Драган Скучич бар рӯй нимкати тими миллии Эрон камтар касе интизор дошт, ки ӯ дар муддати кӯтоҳе битавонад рутбаи аз даст рафтаи тими миллии ин кишварро пас бигирад, аммо ин иттифоқ дар муддати кӯтоҳе рух дод, ки шояд агар вақфаи бозиҳои футбол дар саросари дунё ба далели эпидемияи вируси корона набуд, ин рутбаи зудтар ба  Эрон мерасид .

Image Caption

 

Барчасп