Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футзал; дувумин пирӯзии тими миллии футзали Эрон
Тими миллии футзали Эрон дар дуюмин рақобат аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2021 Литва, чаҳор бар ду тими миллии футзали Амрикоро шикаст дод.
Дар ин дидор, ки дар пойтахти Литва баргузор шуд, тими миллии футзали Эрон бо голҳои Фарҳоди Таваккулӣ, Меҳдии Ҷовид, Аҳмади Исмоилпур ва Саидаҳмади Аббосӣ, чаҳор бор дарвозаи тими миллии футзали Амрикоро боз кард ва тавонист дуюмин пирӯзиро дар ин давра аз мусобиқот ба даст оварад.
Lucia Bonzals-и амрикоӣ ҳам ду бор дар ин бозӣ гол зад. Тими миллии футзали Эрон дар нахустин рақобат тавонист аз дарвозаи Сербия убӯр кунад. Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футзал аз таърихи 12 то 3 октябр дар се шаҳри кишвари Литва баргузор мешавад. Тими миллии футзали Эрон мақоми сеюми қаҳрамонии ҷаҳонро дорост.