Сентябр 18, 2021 12:46 Asia/Dushanbe
  • Убӯри дувумин танкери ҳомили сӯзишвории ирсолии Эрон аз марзи Сурия

Манобеи расонаӣ аз убӯри дувумин танкерҳои ҳомили сӯхти ирсолии Эрон барои Лубнон аз марзи Сурия хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Маёдин, дувумин маҳмӯлаи сӯхти ирсолии Эрон бомдоди имрӯз (шанбе) аз марзи Сурия убӯр кард ва дар ҳоли ҳаракат ба самти Лубнон аст.

Рӯзи панҷшанбе низ аввалин танкерҳои Эрони вориди Лубнон шуданд.

Аввалин киштии ҳомили фаровардаҳои нафтии Эрон низ шомгоҳи якшанбеи ҳафтаи гузашта, вориди Сурия шуд.

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон чаҳоршанбешаб дар паёме, аз мардум ва масъулони Ҳизбуллоҳ дар минтақа хост ҳини убури корвонҳои сӯхт ба манзури ҳифзи саломати ҳама ва роҳатии онҳо ва барои тасҳили раванди интиқол дар беҳтарин ҳолати мумкини ҳеҷ гӯна таҷаммуъи мардумӣ анҷом надиҳанд.

Лубнон дар натиҷаи таҳримҳои Амрико аз яку ним соли пеш бо вахомати авзоъи иқтисодӣ, аз ҷумла камбуди сӯхти шадиди сӯхт рӯбарӯ шудааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон барои кумак ба коҳиши фишорҳо бар мардуми Лубнон иқдом ба хариди сӯхт аз Эрон кардааст.

 

Барчасп