Ноябр 06, 2016 14:23 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили донишҷӯёни 70 кишвари ҷаҳон дар Донишгоҳи Теҳрон

Муовини раиси Донишгоҳи Теҳрон дар умури донишҷӯӣ, аз сабти номи 300 донишҷӯи хориҷӣ дар ин донишгоҳ, дар соли таҳсилии ҷадид хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи “Хабар”-и Эрон, Ҳасани Беҳнажод, муовини раиси Донишгоҳи Теҳрон, гуфт, сиёсати Донишгоҳи Теҳрон ҳаракат ба самти байналмилалӣ шудан аст ва имсол ҳудуди 300 донишҷӯи хориҷӣ аз 70 кишвари ҷаҳон дар марҳалаҳои коршиносии аршад ва докторӣ дар Донишгоҳи Теҳрон сабт ном кардаанд.

Вай афзуд, ҳудуди ҳазору 200 донишҷӯи хориҷӣ дар мақотеъ ва риштаҳои мухталифи омӯзиши олӣ дар Донишгоҳи Теҳрон таҳсил мекунанд.

Донишгоҳи Теҳрон бузургтарин маркази омӯзиши олӣ дар Эрон аст ва сатҳи илмии он, мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯёни хориҷӣ аст.