Сентябр 19, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии волейболи Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Тими миллии волейболи Эрон дар мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё, бо шикасти Ҷопон ба унвони нахуст даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  дар дидори ниҳоии қаҳрамонии Осиё, рӯзи якшанбе тими миллии волейболи Эрон бо бартарии 3 бар 0 муқобили Ҷопони мизбон ба қаҳрамонӣ расид .
Тими миллии волейболи Эрон дар сет(бозии)и аввал 27 бар 25, сети дувум 25 бар 22 ва дар сети сеюми 31 бар 29 муқобили Ҷопон, мизбони ин мусобиқот ба бартарии расид ва қаҳрамони Осиё шуд .
Дар бозии радабандии ин рақобатҳо тими Чин дар се сети паёпай муқобили Тайван пирӯз шуд ва дар ҷойгоҳи сеюм истод .

 

Барчасп