Сентябр 19, 2021 20:08 Asia/Dushanbe
  • Миллипӯшони волейболи Эрон дар ҷамъи бартаринҳои Осиё

Тими мунтахаби бисту якумин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии мардони Осиё бо ҳузури 5 бозикун аз Эрон муаррифӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,тими миллии волейболи Эрон имрӯз якшанбе бо пирӯзии се бар сифр муқобили Ҷопон, мақоми қаҳрамонии Осиёро аз они худ кард .
Пас аз поёни ин мусобиқот тими руъёии рақобатҳо эълом шуд, ки бозикунони Эрони бештарини саҳмро дар он доштанд .
Собири Козимӣ, ки дар ин рақобатҳо беҳтарин бозикуни Эрон буд, муваффақ шуд унвони арзишмандтарин бозикуни ин рақобатҳоро низ ба номи худ кунад .
Тими мунтахаби мусобиқоти валиболи қаҳрамонии Осиё-2021 :
Арзишмандтарин бозикун : Собири Козимӣ аз Эрон
Беҳтарин мудофеъон : Алиасғари Муҷаррад  аз Эрон ва « Иёнгжни Ли  аз Чин
Беҳтарин бозикуни озод: Муҳаммадризо Ҳазратипур аз Эрон
Беҳтарин пасдиҳанда : Ҷаводи Каримӣ аз Эрон
Беҳтарин пушти хатзан : Кнтои Мёоуро аз Ҷопон
Беҳтарин қудратизанҳо :Мелоди Ибодипур аз Эрон ва Иокии Аишикоё аз Ҷопон .

 

Барчасп