Миллипӯшони волейболи Эрон дар ҷамъи бартаринҳои Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74046-Миллипӯшони_волейболи_Эрон_дар_ҷамъи_бартаринҳои_Осиё
Тими мунтахаби бисту якумин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии мардони Осиё бо ҳузури 5 бозикун аз Эрон муаррифӣ шуд .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 19, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Миллипӯшони волейболи Эрон дар ҷамъи бартаринҳои Осиё

Тими мунтахаби бисту якумин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии мардони Осиё бо ҳузури 5 бозикун аз Эрон муаррифӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,тими миллии волейболи Эрон имрӯз якшанбе бо пирӯзии се бар сифр муқобили Ҷопон, мақоми қаҳрамонии Осиёро аз они худ кард .
Пас аз поёни ин мусобиқот тими руъёии рақобатҳо эълом шуд, ки бозикунони Эрони бештарини саҳмро дар он доштанд .
Собири Козимӣ, ки дар ин рақобатҳо беҳтарин бозикуни Эрон буд, муваффақ шуд унвони арзишмандтарин бозикуни ин рақобатҳоро низ ба номи худ кунад .
Тими мунтахаби мусобиқоти валиболи қаҳрамонии Осиё-2021 :
Арзишмандтарин бозикун : Собири Козимӣ аз Эрон
Беҳтарин мудофеъон : Алиасғари Муҷаррад  аз Эрон ва « Иёнгжни Ли  аз Чин
Беҳтарин бозикуни озод: Муҳаммадризо Ҳазратипур аз Эрон
Беҳтарин пасдиҳанда : Ҷаводи Каримӣ аз Эрон
Беҳтарин пушти хатзан : Кнтои Мёоуро аз Ҷопон
Беҳтарин қудратизанҳо :Мелоди Ибодипур аз Эрон ва Иокии Аишикоё аз Ҷопон .