Ноябр 06, 2016 19:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон инфиҷорҳои террористӣ дар Ироқро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми омилони инфиҷорҳои террористии маргбор дар шаҳрҳои Сомиро ва Тикрити Ироқро маҳкум кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати хориҷаи, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни таслият ба бозмондагони қурбониёни инфиҷорҳои террористии Сомиро ва Тикрит дар Ироқ, бар масъуляти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобила бо терроризм ва рӯйкардҳои зиддиинсонии гурӯҳҳои такфирӣ таъкид кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин шаҳодат ва захмӣ шудани теъдоде аз зоирони эронӣ дар амалиёти террористии субҳи рӯзи якшанбе дар Сомироро мусибате сангину дарднок барои миллати Эрон ва хонаводаҳои онон донист ва афзуд: “Ин ҷиноятҳо ношӣ аз нокомиҳои мукаррари террористҳо дар пешбурди аҳдофшон дар Ироқ аст”.

Қосимӣ таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон то шикасти комил ва поксозии терроризм дар Ироқ, дар канори давлат ва миллати ин кишвар хоҳад истод.

Муҳаммадҷаводи Донишёр, намояндаи Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон дар Ироқ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (ИСНА) шаҳодати 10 зоири эронӣ дар инфиҷорҳои террористӣ дар Сомироро таъйид кард.