Сентябр 21, 2021 09:56 Asia/Dushanbe
  • Имшаб соати расмии кишвари Эрон тағйир мекунад

Соати расмии Эрон дар соати 24 имрӯз, сешанбеи 30 шаҳривар (21.09.2021) як соат ба ақиб кашида мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бар ин асос соати расмии кишвари Эрон аз имрӯз ба соати 23 тағйир хоҳад ёфт.

Бино ба қонун, тағйири соати расмии кишвари Эрони мусавваби соли 1386, соати расмии Эрон ҳар сол дар соати 24 рӯзи якуми фарвардин (20-21 март) як соат ба пеш кашида мешавад ва дар соати 24 рӯзи сиюми шаҳривари ҳамон сол ба ҳолати қаблӣ баргардонда мешавад.

Гуфтанӣ аст, ки иллати анҷоми ин кор ба манзури истифодаи бештар аз рӯшноии рӯз сурат мегирад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп