Сентябр 21, 2021 16:12 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, душманони мардуми Эрон дар сарошебе суқут ва уфул ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз, сешанбе дар ҳошияи ойини таҷлил аз пешкисватони Дифои муқаддас гуфт: Дар ҳоли ҳозир мардуми Эрон муқобили таҳримҳои золимонаи Амрико ва фишори амалиёти равонии амрикоиҳову ғарбиҳо ва амалиёти сангини расонаии онҳо истодагӣ мекунанд ва тавонистанд ин таҳримҳоро бишкананд.

Маросими таҷлил аз пешкисватони Дифои муқаддас имрӯз (сешанбе) ба муносибати оғози ҳафтаи Дифои муқаддас баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: