Баргузории маросими гиромидошти ҳафтаи Дифои муқаддас дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74316-Баргузории_маросими_гиромидошти_ҳафтаи_Дифои_муқаддас_дар_Кобул
Маросими вижае ба муносибати гиромидошти ҳафтаи Дифои муқаддас имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 23, 2021 12:25 Asia/Dushanbe

Маросими вижае ба муносибати гиромидошти ҳафтаи Дифои муқаддас имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Баҳодури Эминиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон дар ин маросим бо ишора ба дастовардҳои ҳашт соли Дифои муқаддас гуфт: Тақвияти фарҳанги исоргарӣ, ҷиҳод, муқовимат дар баробари бегонагон, ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзӣ ва расидан ба худкифоӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ҳашт соли Дифои муқаддас барои Ҷумҳурии исломии Эрон аст.