Сентябр 23, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард : Бо фавти 317 нафари дигар аз мубталоён ба Ковиди 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 118 ҳазору 508 нафар расид .

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони рӯзи панҷшанбе дар иттилоъияе эълом кард : Аз дируз то имрӯз ( 23 сентябр ) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 16 ҳазору 362 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 2 ҳазору 202 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид 19 дар кишвар ба 5 миллиону 493 ҳазору 591 нафар расид .
Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоъия афзуд : То кунун 4 миллиону 872 ҳазору 865 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун беш аз 230 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 734 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп