Сентябр 25, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Нахустин медали бокси Эрон дар як майдони муътабари ҷаҳонӣ

Имони Рамазонпур-боксёри ҷавони тими неруҳои мусаллаҳи Эрон тавонист нахустин медали арзишманди варзиши бокси Эрон дар як майдони муътабари ҷаҳониро касб кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , панҷоҳу ҳаштумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии бокси низомиён мавсӯм ба СИЗМ, бо медали арзишманди бринҷии Имони Рамазонпур дар вазни ба иловаи 91 килограм ба рӯзи поёнии худ расид . Рамазонпур пас аз пирӯзӣ дар марҳилаи гуруҳӣ ва канор гузоштани рақибони қудратманди худ дар мароҳили як ҳаштум ва як чаҳорум дар марҳалаи нимапоёнӣ ба масофи ҳарифе аз кишвари мизбон рафт ва дар поён бо раъйи доварони бозанда эълом шуд ва ба медоли бринҷӣ расид .
Панҷоҳу ҳаштумин давраи мусобиқоти бокси низомиёни ҷаҳони мавсум ба СИЗМ бо ҳузури 420 боксёр аз 44 кишвари ҷаҳон, ба муддати 10 рӯз ба мизбонии Русия дар ҷараён буд ва бо поёни мусобиқоти ниҳои вазнҳои сангин, рӯзи шанбе поён ёфт .
Тими неруҳои мусаллаҳи Эрони зимни касби медали арзишманди бринҷӣ тавассути Имони Рамазонпур тавонист дар рутбабандии ниҳоӣ низ мақоми ҳафтум аз байни 44 кишвари ҳозирро ба худро ихтисос диҳад.

 

Барчасп