Имзои мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни Эрону Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74470-Имзои_мувофиқатномаи_интиқоли_маҳкумон_байни_Эрону_Тоҷикистон
Вазири додгустарии Эрон аз имзои мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни давлати Эрону Тоҷикистон хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 26, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Имзои мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни Эрону Тоҷикистон

Вазири додгустарии Эрон аз имзои мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон байни давлати Эрону Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Ҳусайни Раҳимӣ дар бораи муоҳидаи имзошуда дар сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон гуфт :

Мо робитаҳои зиёде бо Тоҷикистон дорем, афроде мумкин аст барои мусофирату таҳсил ба ин кишвар сафар кунанд ё фаъоли иқтисодӣ ҳастанд ва мумкин аст ба ҳар далеле дучори мушкили қазоӣ ва маҳкум шаванд .
Вазири додгустарии Эрон идома дод  ҳамин мушкил мумкин аст барои шаҳрванди тоҷик дар Эрон рух диҳад .

Ҳусайни Раҳимӣ гуфт : Мувофиқатномае, ки имзо шуд дар ин росто аст, ки битавон маҳкумони қазоии ду кишварро бо якдигар табодул кард.



Бештар бихонед :