Эҳдои кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба миллати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74500-Эҳдои_кумакҳои_башардӯстонаи_Эрон_ба_миллати_Афғонистон
Дуюмин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои миллати Афғонистон ирсол шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 26, 2021 16:39 Asia/Dushanbe

Дуюмин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои миллати Афғонистон ирсол шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс уюмин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон барои миллати Афғонистон  ҳудуди 22 тон маводи ғизоӣ монанди орд, равған ва биринҷ аст, ки рӯзи шанбе тавассути як ҳавопаймои ширкати Моҳон вориди фурудгоҳи Кобул шуд .
Пеш аз ин нахустин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон барои миллати Афғонистон шомили маводи ғизоӣ ва маводи пизишкӣ ба ин кишвар ирсол шуда буд .
Бо рӯй кор омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо таъкид карда ҳамчунон дар канори миллати Афғонистон аст ва ҳамчунин аз ҳеҷ кумаке барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон дареғ нахоҳад кард .